Маҷмӯаи тестҳо - барнома барои тафтиши дониш мебошад, ки онро дилхоҳ шахс метавонад комилан ройгон истифода барад. Айни замон дар барнома тестҳо оиди ҳуқуқи инсон ва таърих барои мактаббачагон ва тестҳо аз аксарият фанҳои (тестҳои ММТ) барои довталабон ҷойгир карда шудаанд. Тестҳо аз рӯи барномаи мактабӣ ва донишгоҳ омода шуда, ба синфҳо гурӯҳбандӣ шудаанд.